суббота, 12 июля 2008 г.

Китоби «ЧАШМАҲОИ МЕҲРУБОНӢ»

ЧАШМАҲОИ МЕҲРУБОНӢ

Бо дили саршори меҳр, бо қалами пурсеҳр ҷўяндаи илҳом Акбар Пирўзӣ маҷмўаи навбатии худро бо номи «Чашмаҳои меҳрубонӣ» пешкаши мухлисони каломи бадеъ намуда истодааст. Бовар дорем, ки аз ин чашмаи пурмеҳр ба серӣ менўшеду аз мисраъҳои равону пурмазмунаш ғизои маънавӣ мегиред.

ТУ БАҲОРӢ…

ТУ БАҲОРӢ…

Ту баҳорӣ… Дилрабо бошӣ мудом,
Дилпазиру хушадо бошӣ мудом.

Дар фазои чеҳраат абре мабод,
Чун чаманҳо дилкушо бошӣ мудом.

Барқи хурсандӣ зи чашмаш шўълазан,
Як ҷаҳони пурсафо бошӣ мудом.

Аз нигоҳат набзи дил дигар шавад,
Ҷонфизоӣ, ҷонфизо бошӣ мудом.

Хуррамам аз даври гул фасле ба сол,
Чашмаи шодии мо бошӣ мудом.

ОШИҚАМ

То ҷаҳон ҳасту рухи мисли баҳор аст, ошиқам,
Дил маро чун чашмасорон нағмасор аст, ошиқам.

Ҳар ниҳолу ҳар гияҳ сабзад агар аз офтоб,
З-ишқи ў боғи ҳаётамро барор аст, ошиқам.

Реги тафсони биёбон сабзаи тар баҳри ман,
Чун хаёли ширинаш ҳар лаҳза ёр аст, ошиқам.

Қатраи борон, ки рўяшро бибўсиду гурехт,
Он рақиби нотавону хору зор аст, ошиқам.

То ҷаҳон ҳаст ошиқам, ишқам надорад интиҳо,
Ин замин ҳам з-ин шарофат бахтиёр аст, ошиқам.

ТУ РАФТИЮ…

Ту рафтию ба ман бўи гулон монд,
Ҷилои мавҷҳои кокулон монд.
Ту рафтию ба ман ҳусни ҷаҳон монд,
Шафақ чун лолазори осмон монд.

Ту рафтию ба ман боди сабо монд,
Садои хандаҳои дилситон монд.
Ту рафтӣ,
Лек ёди он замон монд,
Ҳамон лаҳза
Ба ёдам ҷовидон монд…

САДБАРГИ МАН

Чун ба паҳлуям туӣ, садбарги ман,
Хандаҳои субҳи дилҷў бо ман аст.
Дар зимистон сабзаи фасли баҳор,
Накҳати гулҳои хушбў бо ман аст.

Нағмаҳои дилбари мурғи чаман,
Зарраҳои меҳри тобон бо ман аст.
Чун ба паҳлўям туӣ, садбарги ман,
Бахт бо ман,
Давру даврон бо ман аст.

ОН НИГАҲ…

Он нигаҳ чун барқи айёми баҳор,
Осмони қалби ман равшан кунад.
Он замон садҳо парастуи умед,
Дар диёри қалби ман маскан кунад.

Он нигаҳ чун рўди кўҳсори баланд,
Доди софию равонӣ медиҳад.
Он нигаҳ чун навдамида сабзаҳо,
З-олами меҳрат нишоне медиҳад.

БОЗ БОРОН…

Боз борон, боз лола,
Боз мурғон карда нола…

Боз боди навбаҳорон,
Бўса созад сабзазорон.

Боз созад дилситонӣ,
Дар чаманҳо гулфишонӣ…

Боз ояд бўи анбар,
Бўи хоку ғунчаи тар.

Кўҳна дунё мекунад сар,
Боз аз нав умри дигар…

Боз дунё пурлатофат,
Боз дунё пуртароват.

Боз дилҳо дар талотум,
Боз дунё дар табассум…

ГИРЯИ АБРИ НАЙСОН

Оби чашми абри найсон шашқатор,
Аз чӣ гирён ин қадар он зор-зор?

Он ҷудо гаштаст аз ёраш магар?
Аз дилороми вафодораш магар?

Аз чӣ мо дар хандаю дар гиря он?
Қаҳ-қаҳи мо ё нафорад ба он?

Ё намехоҳад бубинад рўи гул?
Ё ки мехоҳад набўям бўи гул?

Ё намехоҳад, ки ман бўсам санам,
Ё ки мехоҳад к-аз ў ман дил канам?

Оби чашми абри найсон шашқатор,
Аз тараб, аз рашку ғам не, дўстдор.

Шод он: бигзашт фасли қаҳратун,
Шод он: рўид гулҳо гунагун.

Шод он: олам мунаввар гаштааст,
Шод он: инсон музаффар гаштааст…

ЛАБХАНДИ ДИЛБАРОН

Манам маст аз шароби гулдаҳанҳо,
Зи атри мўи гулгунпераҳанҳо.

Ба сардӣ чун яхи кўҳсор будам,
Кунун ҷўшам аз он меҳру суханҳо.

Шумо чун лолаҳои навбаҳорӣ,
Зада оташ ба дилҳою даманҳо.

Дурахшон он заринтоқӣ ба хуршед,
Зи лабханди шумо хандад чаманҳо.

Агар он ҳалқаҳо бўсанд зулфон,
Бупечам чун сабо бар гулбаданҳо.

Ба мулки дил бувад маскан шуморо,
Шуморо посбонам, симтанҳо.

Зи ту, Пирўз, чун оҳу рамида,
Нигоре, тоҷдори анҷуманҳо.

НАВДАИ ГУЛ

Манам он навдаи сабзи гули сурх,
Ки зери барф
Бо уммед зистам.
Зи сардӣ гармии оташ биҷустам,
Ба ёди хандаи хуршед зистам.
Зи бераҳмии боди тунду бўрон,
Сияҳ ҳамчун шаби мотам нагаштам,
Маро хокам гирифт андар паноҳаш
Зи зарби жолаҳо сархам нагаштам.
Шукуфтам дўш аз овои Наврўз,
Муаттар менамоям олам имрўз…

ХАНДА

Ханда созад умри инсонро дароз,
Ханда рамзи хуррамии рўзгор.
Сад ҳазорон дардро бошад даво,
Он чу оби чашмаҳои кўҳсор.

Ман парастам хандаҳои лоларо,
Хандаи дилдори ҳаждаҳсоларо.
Хандаи ёри дилаш саршори меҳр,
Хандаҳои кўдакони бегуноҳ…

Ҳар лаби хандон рамзи меҳр нест,
Одамон ханданд гоҳо аз алам.
Аз хушомад гаҳ табассум мекунанд,
Гаҳ зи рашку
гаҳ зи дарду
гаҳ зи ғам…
Ханда бояд дил барад чун ҳусни субҳ,
Ханда бахшад одамонро болу пар.
Ханда бояд чун гули тагбарфие,
Чун баҳор ояд, кашад дар кўҳ сар.

СИМ-СИМИ БОРОН

Сим-сими борон навои дилнишин,
Донаҳояш марҳами ҷонофарин.
Осмон шўяд гули рўи замин,
Гўядаш маҳзун мабош, эй нозанин!
Нест ҷои ноумедиҳо ҷаҳон,
Мекашӣ гоҳе агар ранҷи гарон,
Шод кун бо ҳусни худ пиру ҷавон,
Зиндагӣ ҳаргиз намебинад хазон!

ДИЛНАВОЗОН

Дил бубандед, ошиқон, бар дилнавозон, то абад,
То бимонад зиндагӣ дар шўру туғён, то абад.

Дилнавозон ҳусни олам, нури дунё будаанд,
Ошиқонро карда шоҳи сарфарозон, то абад.

Дилрабоён воқифи рози нишоти рўзгор,
Нашъаи Наврўз дорад лутфи онон то абад.

Аз каломаш дар баҳорон ғарқи гул шуд шохи хушк,
Пас, чаро Пирўз монад лолу ҳайрон то абад?

ҚАТРАҲО

ГУЛ

То ба ҷонон рози дил созанд аён,
Гул бубахшидӣ Замин бар ошиқон.

САБО

Гар набўяд нозбўю наргису савсан сабо,
Дар дили инсон насозад ҳеҷ гаҳ маскан сабо.

ПАЙВАНД

Ҷавонӣ ошиқи рўи ҷаҳон аст,
Ҷаҳон дилдодаи меҳри ҷавон аст.

СУБҲИДАМ

Чашмаи покию илҳон субҳидам,
Сад латофат кард эҳсон субҳидам.

Шаб шуду рафтӣ ту андар хоби ноз,
Аз рухат ин гунна тобон субҳидам.

Ҳар ситора бо ҳама чамакзанӣ,
Гашта дар нури ту пинҳон субҳидам,

«Бепаноҳи», - гуфт бар ман шоми тор,
«Ман паноҳат» - гуфт хандон субҳидам.

Ман нахуфтам з-орзуи васли ў,
Мекунад чеҳра намоён субҳидам.

Гар баҳораш нек, сол астӣ накў,
Рўз – солу навбаҳорон – субҳидам.

Ин саҳар, Пирўз, хушдил гаштаӣ,
Шуд ба поён сўзи ҳиҷрон субҳидам.

НАВРЎЗӢ

Саҳар бо шабнами рўи гули сурх,
Аё дилдор,
Рўи хешро шўй.
Чу рў шўӣ,
Ту шаҳбўи варо бўй.
Чу мебўӣ
Ба мурғи хушнаво гўй:
- Ҷаҳон зебо шуда айёми Наврўз,
Саро, эй мурғ, ҳусни фасли фирўз!

ҲАМСАФАРОН

Субҳи ту пирўз боду шоми ту пирўз бод,
Чеҳраи тобони ту чун лолаи Наврўз бод.
Нур гирад чашми ман як умр аз чашмони ту,
Чашмаи меҳрат хурўшон ҳар шабу ҳар рўз бод!

Қомати сабзат бинозад дар гулистони ҳаёт,
Сар фарозад, ҷилва созад пеши тўфони ҳаёт.
Санги хоро бош зидди мавҷҳо, нозукдило,
То набинад офате гулбоғи хандони ҳаёт.

Мо ки бо ҳам ҳамсафарем гаштем дар роҳи мурод,
Дар баландию нишебиҳош мегардем шод.
Нест бодо лаҳзае, ки бе ту монам нисфи роҳ,
Лаҳзае, ки нисфи роҳ бе ман бимонӣ, нест бод!

ЛОЛА

Лола духти гулдаҳон будааст,
Волаи ишқи ҷавоне будааст…
Бас ба дилбар рози пинҳон гуфтааст,
Ҳарф аз аҳду зи паймон гуфтааст…
Ҳамдамаш аммо пас аз тўю висол,
Гаштааст анбози дигар гулҷамол…
Сўхта аз ин алам Лола – арўс,
Зард гашта орази он дилфурўз…
Сўи дарёи хурўшон тохтааст,
Хешро дар оби шўх андохтааст…
Шоми дигар пайкари он дилситон,
Ёфт андар соҳили рўде шубон…
Кофт он ҷо қабру бар хокаш супурд,
Бо дили з-андўҳу ғам чокаш супурд…
Субҳидам борид борони калон,
Бар зиёрат омадӣ бо гул шубон.
Лек қабри он парӣ гулпўш буд,
Бар шубон ҳар гул дили Лола намуд…
Чида з-ин гулҳои озаргуни тар,
Ҳадя бар ҳар навҷавону пир кард,
-Чист, - пурсиданд аз ў, - номи гул?
Гуфт бо афғону нола:
- Гули Лола, гули Лола…

АШК РЕЗӢ

Ту дарёи латофатбахши ишқӣ,
Таҷассум мекунӣ ҳусни ҷаҳонро.
Вале аз пардаи зебо нигоҳат,
Бубинам мавҷҳои ормонро.

Ба дил дорӣ хурўши гуфтаниҳо,
Зи нокомию ношодию ҳиҷрон.
Ки соҳилҳои пурдарди дилатро,
Намояд умри ноором вайрон.

Туро мушкил бувад изҳор кардан,
Талотумҳою туғёни муҳаббат.
Зи чашмонат валекин ашк резӣ,
Чу абри навбаҳорони муҳаббат…

ДАР ҶУСТУҶЎИ ЗЕБОӢ

Аз садои ҷовидони булбулон,
Менамоям ҷустуҷў оҳанги нав.
Аз дурахшу тобиши тиру камон,
Ман биҷўям нурҳою ранги нав.

Аз гули садбарги бўстонҳо маро,
Тоза лабханде бидидан орзуст.
Аз гиёҳу сабзаҳои дашту кўҳ,
Тоза шаҳбўе шамидан орзуст.

Аз фиғону бонги шўрангези раъд,
Ман навои дилситоне бишнавам.
Аз ҳавою резиши борони сел,
Нағмаҳои шодмонӣ бишнавам…
* * *
Зиндагонӣ кони зебоӣ бувад,
Ҳар касе ёбад варо, зебо шавад.

ШОИРА

Дар осмони назми мо
Шоирае пайдо шавад.
Рўди сухан туғён кунад,
Боғи сухан зебо шавад.

Ҳар як каломи мавзунаш
Як зарраи меҳраш бувад.
Аз сўзи ҳарфи оташин,
Шўри ҷаҳон барпо шавад.

Бо нури тобони сухан
Равшан кунад дилҳои тор.
Нагзорад ў то адлу дод
Гумному зери по шавад.

Бахти баланди халқ аст,
Бисёр гар шоираҳош.
Умри забон бо шеъри ў
Поянда чун дунё шавад.

ШЎЪЛАИ НИГИН
Тазмини байти Мирзо Улуғбек

Имрўз шўълаҳо ба ҷаҳон аз нигини туст,
Тоқи фалак мунаввара з-ангуштарини туст.

Бечора дил чашида хуноби фироқу дард,
Ҳар лаҳза бо ғам аз лаби ҷонофарини туст.

Садҳо баҳори нозу нишотат бихоҳаме,
Бахти баланд нурфишон аз ҷабини туст.

«Ҳарчанд мулки ҳусн ба зери нигини туст,
Шўхӣ макун, ки чашми бадон дар камини туст».¹

1.Байт аз Муҳаммад Тарағай Мирзо Улуғбек

ШОДМОН…

Ханда карда озарӣ лола зи хок
Сар кашидӣ субҳидам сўи само.
Шомгаҳ кардам чу наззора ба он
Буд хандон
Карда ҷавлон аз сабо…

Мекунад он хандаю бар хотираш
Ҳеҷ гаҳ н-ояд вале рўзи хазон…
Эй сабо, инро магў!
Шабнам,
Ту ҳам…
Мон,
Ҳамеша лола бошад шодмон!

РЎИ МОҲАШ…

Рўи моҳаш чун маҳи шабгир буд,
Мўи мушкинаш ба сони қир буд.
Бо нигоҳе чашми чун оҳуи ў,
Ихтиёру сабри дилро мерабуд…

Нақш баста мавҷи чин андар ҷабин,
Ку ҳамон ҳусни баҳои як ҷаҳон?
Модар аст акнун…
Магар осон бувад,
Одамеро ҳадя кардан бар замон?

САВТИ ҲИНДӢ
Аз П.Б.Шелли, тарҷума аз англисӣ

Шудам бедор ман аз хоби ширин,
Ба ёди ҳусни дилбозу дилором.
Ситора дар само будӣ дурахшон,
Вазон будӣ насим оҳиста он шом.
Шудам бедор ман аз хоби ширин,
Манам ҳайрон, чӣ сон гаштам равона.
Ба тарфи он тиреза, ки паси он,
Ту будӣ хоб, эй дурри ягона!

II
Кунад парвоз ҳар сў мавҷи оҳанг,
Бувад хомўш рўди масти шўхоб.
Зи барги зарди чампак¹ мушк резад,
Чу он дилҷў хаёле дар шаби хоб.
Фиғону шевани мурғи саҳаргаҳ,
Ба қаъри қалби он бечора мирад.
Чунон ҳам нозанину дилфурўзӣ,
Ки кас хоҳад ба оғўшаш бигирад!

III
Маро бардор аз қолини сабза!
Надорам тоқату ҳушу қароре!
Маро бўс аз лабу чашмам, ки бахшад,
Ба ман ҷон он чу борони баҳорӣ.
Рухам сарду чу дока сап-сафед аст,
Дар оғўшат маро ту тангтар гир!
Занад қалбам чу мурғи нимбисмил,
Ки он ҷо аз задан мемонад охир.

1.Чампак – номи дарахтест.

ИШҚИ ТУ
Аз Роберт Бернс, тарҷума аз англисӣ

Шукуфон ишқи ту дар боғи дил аст,
Чу садбарги қашанги арғувонӣ
Сурурангез чун савте, ки аз он
Биёбад пир нерўи ҷавонӣ.

Надонам ман чӣ сон дил додам, эй ёр,
Ба лабҳои чу барги лолаи ту.
Даме ки баҳру дарё мезанад мавҷ,
Манам, ҷоно, ғулому волаи ту.

Гар оби баҳру дарё хушк гардад,
Намонд аз кўҳсорон гар нишоне.
Бимонад аз задан гар дил, ҳамон дам,
Ҷудо аз ту шавам ман ҷовидонӣ.

Кунун, эй зиннати боғи ҳаётам,
Видоъ бо ту бигўям баҳри як дам.
Ба роҳам чор бинмо дидагонат,
Ҳамеоям ба наздат з-он ҷаҳон ҳам.

РУД ВА МАВҶҲО
Аз Ҳенри Лонгфелло, тарҷума аз англисӣ

Фаромад рўди шўх аз кўҳ,
Суруда бар ҳазор оҳанг.
Давида нуқрасон кафкаш
Зи рўи реги тиллоранг.

Ҳамекардӣ дар уқёнус
Дар ин дам мавҷҳо туғён.
Гаҳе бўсида соҳилҳо,
Шуда дар қаър гаҳ пинҳон.

Буд уқёнус агарчӣ дур,
Валекин ёфт онро рўд.
Барои мавҷҳои пир
Умеду зўру шодӣ шуд.

ДАРАХТОНИ БАЛАНД

ДАРАХТОНИ ДЕҲИ КЎҲӢ
(Таассурот аз деҳаи Ғелон¹)
Барои ҳамсафарам Аслиддин Қамарзода

Дарахтони баланди деҳи кўҳӣ,
Аҷаб хуш ҷилваҳою ноз доранд.
Чу барфи қуллаҳои пир ҳамдам,
Чу кабку булбулон ҳамроз доранд…

Дарахтони баланди деҳи кўҳӣ
Дарозумр аз ҳавои беғуборанд.
Сарафроз аз насими анбаромез,
Зи дард озод з-оби чашмасоранд…

Агар дилҳои мо пок аз ғубор аст,
Дарахти умр хуррам сад баҳор аст…

1.Ғелон – деҳаест дар ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё

ЧАШМА

Шоми тору субҳи равшан ҷўш дорад,
Бар навояш кўҳу гулшан гўш дорад.
Сангу сабза бар сафояш ҳуш дорад,
Кабку оҳу оби нўшаш нўш дорад…

Чашма гарчӣ дар каноре ҷо гирифта,
Дар дилаш ишқи Ватан маъво гирифта.
Чун Ватан бигрифта онро андар оғўш,
Сози чашма рўи дунёро гирифта…

ЛАКЛАКҲО ДАР БУХОРО

Дар фазои шаҳри шўҳратдори Шарқ,
Қосидони навбаҳорон омаданд.
Ҳамраҳи бўи гули бодоми кўҳ,
Мисли мавҷи нури тобон омаданд.

Дар чанору дар манору шохи тут,
Ёд карданд ошёни хешро.
Соябони абрҳои сап-сафед,
Ҳам сафои осмони хешро.

Марҳабо, эй лаклакони некфол,
Аз шукуфтанҳо паёме додаед.
Ҳамчун тоҷ андар баландиҳо, шумо,
Шаҳрро ҳусни тамоме додаед…

Дар сафарҳои диёри н-ошно
Табъатон аз бонги тир озурда шуд.
Аз нигоҳи кўдакони бенаво
Ғунчаи уммедатон пажмурда шуд.

Паҳн бинмоед бол, эй лаклакон,
Бар сари пиру ҷавони шаҳри ман.
Бар шумо зарин шуои офтоб,
Ҷилваҳою нози гулҳои чаман!

БОҒИ ГУЛХАНӢ

Дил кушояд боғи сабзу босафои Гулханӣ,
Маскани лутфу нишоту ҷонфизои Гулханӣ.

Барги ҳар гул месарояд мисраи девони ишқ,
Бишнивам савти муҳаббат аз навои Гулханӣ.

Хоки ин манзил ба меҳру дўстӣ омехтанд,
«Хайра мақдам» доимо бошад нидои Гулханӣ.

Рўҳи Айниву бузургон ҳозиру хурсанду шод,
Ҷўри сози ҳамдилон гўё садои Гулханӣ.

Гўшаи орому илҳоми Самарқанди азим,
Зинда медорад каломи ошнои Гулханӣ.

То даме ки аҳли сўҳбат комрон асту муқим,
Ҳар саҳар булбул бихонад бо ҳавои Гулханӣ.

ШОМЕ ДАР СОҲИЛИ НИЛ

Ҳамон шоми дилафрўз,
Гуландоми дилафрўз.
Даҳонаш барги лола,
Ду кокул чун шалола.
Ду чашмонаш ситора,
Зада бар дил шарора.
Ба рақсаш сохт афсун,
Ҷаҳонро кард мафтун.
Садои ғиҷҷаку чанг,
Ба тору даф ҳамоҳанг.
Ба сози Нил бирақсид,
Ба савти дил бирақсид.
Дар он меҳри араб буд,
Дар он сеҳри араб буд.
Дар он нозу тараб буд,
Дар он оҳу ғазаб буд…
Намоён буд аҳром,
Сухан мегуфт ором:
Зи Фиръавну ғуломон,
Зи ранҷи рўзгорон.
Зи ҷангу аз зафарҳо,
Зи сулҳу аз хатарҳо.
Ҳамон шоми дилафрўз,
Маҳи нав буд тобон.
Шуд он ҷонона он шом,
Чу субҳи Миср хандон.

БАҲРИ ТУФОНӢ

Ба оғўшат шавам, эй баҳр,
Чӣ баҳрӣ?
Баҳри тўфонӣ.
Биғуррӣ гаҳ чу бабри маст,
Чаро гоҳе ту нолонӣ?
Туӣ имрўз ноором,
Занӣ бо шаст бар соҳил.
Зи киштиҳо нишоне нест,
Ҳама дар ваҳм дар соҳил…
Кашидӣ бар фазоят абр,
Чӣ абре? Абри гирёне,
Ба нури шамс ҳар мавҷат,
Ба мисли теғи рахшоне…
Бувад чун осмон рангат,
Ту чун он беканор астӣ.
Ту пирӣ, мавҷҳо чинат,
Валекин беқарор астӣ…
Ба баҳри зиндагӣ чун ту
Кунам туғёну бихрўшам.
Биёмўзӣ маро туғён
Намо, эй баҳр, оғўшам…

АҲРОМИ МИСР

Шумори сангҳои ту
шумори он ғуломон аст,
Ки субҳу шому рўзу солҳо
баҳри ту ҷон доданд.
Баландият
Баландии ҳамон ақли бузургон, ки
Ниҳоли нахли қадди хеш
бар боди хазон доданд.
Ту зебоӣ
Чу мавҷи осмонранги Нили пир,
Ғуломон чунки баҳрат
нуру оби дидагон доданд.
Аз он хурсанду мамнун гашт Фиръавни маснаддўст,
Ки ўро дар дигар дунё
чунин хилват макон доданд.
Гузашт айёми Фиръавну
Намонд аз ў асар хамсин¹
Ҷалолашро ҳама бар панҷаи реги равон доданд.
Туӣ ҳайкал
Барои он ғуломони қавипайкар –
Туро чун пайки озодӣ
ба ояндазамон доданд.

1.Хамсин – тўфони рег

ТОҶМАҲАЛ

Кохи ишқу зиндагӣ бунёд карданд ошиқон,
Ранг аз ранги саҳар доданду
зеб аз бўстон.
Шоми маҳтобӣ
шавад ҳамранги нури ахтарон,
Пораҳои абр гўӣ
дар канори осмон…
Ман надонам:
Рамзи ҳусни ҷумла олам хонамат,
Ё дилафрўзии
халқу кишвари Ҳиндустон?

ХУРРАМДИЁР

Кўҳсорони баландат –
Посбони бўстонҳо.
Рўдҳои шўхмавҷат –
Ҷонфизои қаҳрамонҳо.

Ишваҳои гулрухонат офаридӣ достонҳо,
Нуру оташ шўълабор
Аз дидаи пиру ҷавонҳо.
Шод бош, хуррамдиёр!

Номи ту
Ҳарфи шифобахше ки осояд маро ҷон,
Номи ту
Байроқи шаъну ифтихори дўсдорон.
Номат он гулхан, ки
Хокистар намояд душманонро,
Худ ту он гулбоғи ишқӣ, ки
Ҳамеша сабзу хандон,
Шод бош, хуррамдиёр!

Гар ту дарё
Мардумат чун мавҷу
Мавҷат зарфишон аст,
Ҳамчу мавҷи дўстию меҳрубониҳо равон аст.
Шуд Душанбе дар сарат чун тоҷи гул,
Аз меҳри ёрон,
Ахтари иқбол тобон бар сарат,
То ки ҷаҳон аст,
Шод бош, эй хуррамдиёр!

ШЕРДОР

Ду оҳуи хиромон дар миёна,
Ду шер аз ду тараф чун посбонанд.
Ду рўи шамси дилҷўи саҳаргаҳ,
Ҷаҳони нур бар онҳо фишонанд…

Ҳамин сурат ба тоқи Шердор аст,
Зи рассоми бузурге ёдгор аст.
Чунин маънӣ аз он тасвир равшан,
Ҳамон маънӣ, ки ҳусни рўзгор аст…

Ду оҳу – рамзи лутфу чеҳри дилкаш,
Ду шераш аз тавоноӣ нишона.
Рухи хуршед рамзи меҳру покӣ,
Зи дилҳою дилороӣ нишона.

Ҳамон рассомро ин буда армон,
Ки бошанд ин сифатҳо дар ҳар инсон.

НАҚШҲО

Нақшҳо…
Нақшҳои лоларангу савсанӣ,
Заъфарону заррину сабзу гулоб
Нақшҳои нилгуну босафо
Ваҳ, чӣ рахшон аз шуои офтоб!

Нақшҳо…
Гарчи барфу боду борон дидаанд,
Гармии хуршеди тобон дидаанд.
Гум накарда асрҳо ранги латиф,
Ваҳ, чӣ дилбар мисли оҳанги латиф!

Ман ҳамехоҳам:
Ба девори замон
Шеъри мо монад чу онҳо ҷовидон!

ГУЛҲОИ САМАРҚАНД

- Замин, дар рўи ту гулҳо шукуфон,
Кадомаш аз ҳама хушбўю дилбанд?
Чу мепурсӣ агар аз ман, азизам,
Ба ту гўям, ки: - Гулҳои Самарқанд.

Дар умрам чунки ман бори нахустин,
Дар ин ҷо навбаҳоронро бидидам.
Дар умрам чунки ман бори нахустин,
Зи хокаш даста-даста лола чидам…

ХОКИ САМАРҚАНД

Эй нишони ҷовидони Суғдиён,
Эй сафои дидаи Испитамон,
Эй суруди дилнавози Рўдакӣ…
Эй Самарқандам,
Ки хиштат достон!

Доимо мисли баҳорон навҷавон,
Гуларўси нозанинат гуфтаанд.
Гавҳари якдонаи Шарқи азим,
Сайқали рўи заминат гуфтаанд…

Донам, он ки боиси ин обрўт,
Хоки зархезу самар қанди ту аст,
Худ ба худ гўям:
Чӣ сонам ман, чӣ сон?
Банда ки фарзанди дилбанди ту аст.

Ҳастам оё чун Зарафшон зарфишон?
Ё ба мисли Оби Раҳмат ҷонфизо?
Ё табаррук ҳамчу нони Осиё?
Ё чу нақши Шоҳи Зинда ҷовидон?..

Чун маноронат вале ман сарбаланд,
Ки зи ишқи ту чунин пояндаанд.
Сарбаландам:
Як кафи хоки туам,
Хоки зарбахшандаи поки туам!

БУЛБУЛОНИ ХУШБАЁН
Тазмин бар ғазали устод Рўдакӣ

«Бўи ҷўи Мўлиён ояд ҳаме»
Навбаҳори гулфишон ояд ҳаме.

Оби дарёи Зарафшон аз нишот,
Бо талотум шодмон ояд ҳаме.

Дар чаманзори каломи форсӣ,
Булбулони хушбаён ояд ҳаме.

Бо талошу азму ҳам ҷонбозиҳо,
Рўдакӣ бар хонадон ояд ҳаме.

Рўдакӣ сарву Самарқанд бўстон,
«Сарв сўи бўстон ояд ҳаме».

Рўдакӣ моҳу Самарқанд осмон,
«Моҳ сўи осмон ояд ҳаме».

Эй Самарқанд «шод бошу дер зӣ»
Рўдакиат ҷовидон ояд ҳаме.

ЁДГОРИ РАССОМИ СУҒД

Буд масти бўи гул рассоми Суғд,
Мекашид ў расми гул – андоми Суғд,
Расм не, гўё ки ҷисми зинда буд,
Бод зулфонаш парешон менамуд.
Шав – шуви оби Сиёби пурхурўш,
Чун навои най ҳамеомад ба гўш…
* * *
Осмони софро як радда абр,
Ногаҳон бигрифту овози чу бабр,
Паҳн шуд андар фазои Суғдиён,
Дар фазои дилкушои Суғдиён…
- Чун саги девонае бар хоки мо,
Сар даровардӣ адўи дилсиёҳ…
* * *
Раъд ғуррон гашту ларзон шуд ҷаҳон,
Чок кардӣ барқ қалби осмон.
Он замон мўинқалам шамшер шуд,
Гуфт: - Эй рассом, бояд шер шуд!..
* * *
Як тараф андар ғами кишвар бишуд,
Дигаре дар ҷустуҷўи зар бишуд.
Як тараф бар дасти худ ханҷар гирифт,
Дигаре бар дасти худ соғар гирифт…
* * *
Дўш мо
Афросиёбат кофтем,
Расми он рассомро дарёфтем,
Расмҳо…
Эй расмҳои безабон,
Як нишони рўзгори Суғдиён.
Баҳри меҳан кард қурбон гарчи тан,
Расми ў – қалбаш бувад андар задан.
Расмҳо, эй расмҳои безабон,
Аз шумо хонам ҳаёти Суғдиён.

НОНИ ОСИЁ

Агар хоҳӣ бубинӣ навбаҳорони Самарқандам,
Дурахши барқу
Ҳусни лолазорони Самарқандам.
Дар ин ҳангом туғёни Зарафшони Самарқандам,
Ба нони Осиё бингар –
Бубин нони Самарқандам.

Агар хоҳӣ шавӣ хуррам зи оҳанги хуши суғдӣ,
Ба ту бахшад ҷавонӣ ҷилваи ранги хуши суғдӣ,
Нигоҳи гарму духти чеҳрагулранги хуши суғдӣ,
Ба нони Осиё бингар –
Бубин нони Самарқандам.

Дар он бинӣ ту қурси офтоби зиндагониро,
Дар он бинӣ баландиҳою парвози ҷавониро,
Биёбӣ оташи рухсору тафси меҳрубониро,
Ба нони Осиё бингар –
Бубин нони Самарқандам.

Дар он мавҷи зафармандӣ,
Худ он рамзи хирадмандӣ,
Дар он авҷи ҳунармандии
дастони самарқандӣ,
Ба рўи нони якрўза
Навишта нақши дилбанде,
Бигўяд «хуни мою дилбарӣ
доранд пайвандӣ»…
Ба нони Осиё бингар –
Бубин нони Самарқандам.

ОҲАНГИ АФСУНГАР
Ба ёди мутриб Муроди Ашўр

Аё ғижжакнавози сеҳргар,
Бинмо фусункорӣ,
Маро аз хоби ғафлат деҳ, кунун оҳанги бедорӣ.
Зи чанги бехудиҳо соз озоду кушо чашмам,
Ки дарёбам чӣ аҳволам, ту чӣ дарду алам дорӣ?

Аё ғижжак,
Саропоям ба савти реш-решат банд,
Ҳазорон тори дилро бо фиғоне нарм ларзонӣ.
Зи номусу ғуруру сарбаландиҳо ҳикоят кун,
Ки шояд заррае бахшӣ ба захми кўҳна дармоне.

Раҳи садсолаҳоро тай кунад дар лаҳза овозат,
Дуруду сўзи аҷдодон расад аз тори эъҷозат.
Зи хоки Суғду Шерозу Ҳироту Ҳинд меорад,
Навои ошнои бедилонро пардаи розат.

Ҳар авҷи нолаат фарёд аз дасти парешонист,
Ки занҷири зарини меҳрро сад пораҳо бинмуд.
Зи боғи ҳикмату фарҳанг дур андохт фозилро,
Ба бозори матою майкада овораҳо бинмуд.

Ту нолӣ, к-аз сари ҳар навниҳоли гулшани шодӣ,
Гаҳе заҳри ҳасад резему гоҳе фавҷи зарпечак.
Ба танҳоӣ бихоҳем ошён мондан ба кўҳи бахт,
Ба ҳамроҳон валекин санг ғелонем, аё ғижжак.

Ту менолӣ, ки аз ёрони худ гаштем бегона,
Ба кўи хеш бигзорем по ҳайрона-ҳайрона.
Ту нолон з-он ки лафзи модариро карда хору зор,
Сухан ронем ҳамчун маст мо гунгона-гунгона.

Аё ғижжакнавози сеҳргар, бинмо фусункорӣ,
Маро аз хоби ғафлат деҳ, кунун оҳанги бедорӣ.
Зи чанги бехудиҳо соз озоду кушо чашмам,
Ки дарёбам чӣ аҳволам?
Ту чӣ дарду алам дорӣ?

ЧАШМАИ ТАНҲО

Эй чашмаи танҳои деҳ,
Эй зодаи дарёи дур.
Раҳ ёфти аз мағзи кўҳ
Сўи дара ту бо ғурур.
Деҳ аз ту омад бар вуҷуд
Додӣ варо созу суруд.
Ҳар рўи сурху барги сабз,
Орад ба эъҷозат суҷуд.
Эй чашмаи уммедҳо,
Дар ҷўш шав фавворасон.
Танҳо ту гарчи дар шумор
Садҳо туро дил посбон…

ШАДДАИ ЛАЪЛ
Ба устод Мирзо Турсунзода

Шаддаи лаъли Бадахшон шеъри ту,
Нури хуршеди дурахшон шеъри ту.
Рўдҳои кўҳсорон шеъри ту,
Шуд ливои қаҳрамонон шеъри ту.
Буд тоҷик як замоне тоҷдор,
Номи тоҷик бошад аз он ёдгор…
Некномии ниёгон тоҷи мо,
Сарбаландии бузургон тоҷи мо.
Тоҷи моро, шоиро, дурдонаӣ,
Занди оташзод дар ҳар хонаӣ!

ТИРАМОҲ

Аз дарахтон баргҳо афтодаанд…
Чун гилеми рангае рўи замин.
Аз насими кўҳсорони баланд,
Бар машомам мерасад бўи замин.

Мефишонад бод аз шохи дарахт
Себи сурхи ҳамчу рўи духтарон.
Менамоям аз гилеми баргҳо
Чормағзе ҷустуҷў чун бачагон.

Сўи ман чашмак занад ангури лаъл,
Гўиё гўяд: даҳон ширин намо.
Нозбў менозад аз ҳар гўшае
Хоса бўяш хоса бўи тирамоҳ…

Ман парастам чеҳраи пурмеҳри ту,
Васф месозам ҷамолат бо хурўш…
Гар набошӣ, тирамоҳи куртазард,
Аз куҷо ояд баҳори сабзпўш?

БАРГИ САБЗ БА САНЪАТКОР

Аз сурудат ин чаман
бигрифт сози навбаҳор,
Чунки бо заҳмат забони
булбулонаш ёфтӣ.
Хирмани гулҳо шукуфту
мурғи шодӣ пар кушод,
Бар сари ҳар ғунча
хуршеди муҳаббат тофтӣ.
Ҷўр гаштӣ бо садои
чашмаҳои кўҳсор,
Тори ту шуд хушнавою
дилхурўшу дилписанд.
Ҳар кӣ меҷўяд мадад
з-он хоку з-ин рўди кўҳан,
Мерасад бар қуллаҳои
мақсаду бахти баланд.

СУРАТИ ҶАВОНӢ

Дар сурат боз дидам,
Навбаҳори зиндагонӣ.
Он замони беғамӣ, ки
Ном дорад навҷавонӣ.

Бар гумонам ҷоми дунё
Буд саршори латофат.
Аз хаёлам буд пинҳон
Теғи ҷабру дарду офат.

Бехабар будам, ки шайтон
Ҳилаи бисёр дорад.
Тухми заҳролуди найранг
Ҷо ба ҷо беист корад…

Дар сурат боз дидам,
Фасли ширини ҷавонӣ.
Мерасад рўзе ки сурат ҳам
Шавад барги хазоне…

СУХАНҲОИ ДАРМОНБАХШ

Ҷаҳон торик мегардад ба чашмон,
Замоне ки шавӣ бетобу бемор.
Чу теғи дард буррад решаи ҷон,
Зи қаъри дил барорӣ нолаи зор.

Насозӣ ёди лутфи лоларўён,
Насозӣ ёди атри боғу гулшан.
Наояд давлати дунё ба ёдат,
Набинӣ шўълаҳои моҳи равшан.

Фақат хоҳӣ, ки ганҷи тандурустӣ,
Шавад аз нав мукофоту насибат.
Дилат аз нав шавад лабрези шодӣ,
Бубинӣ шод ёрону ҳабибат.

Ба худ печӣ зи сўзи оташи дард,
Ба уммеди шифо нолону гирён.
Фақат такрор гўӣ ин суханҳо,
- Худои меҳрубонам, модари ҷон…

БОРИ ДИЛ

БОРИ ДИЛ

Ҳар киро борест дар дил,
дил надорад роҳате,
Мехарошад ҳар даме,
ҳар лаҳзае, ҳар соате.
Теғи ҷарроҳ н-оварад онро бурун бо сад ҳунар,
Ҷои он дар пардаи дил,
деҳ, Худоё, тоқате…

МАҶЛИСИ МОРОН

Ба морон пирашон бинмуд ҳикоят,
Ки доранд одамон аз мо шикоят.
«Ки морон масту беандеша гаштанд,
Басе инсон ба заҳри хеш куштанд…»
Аз ин бўҳтон кунам чун ресмон дуд,
Чӣ посух лоиқи тўҳматгарон буд?!
Яке гуфто, ки «заҳри мо даво шуд,
Ба дарди одаму бар мо бало шуд…»
Дигар гуфто, ки «заҳри мо ба душман,
Чу тир асту барои мо чу ҷавшан».
Савўмӣ кард арз «арчӣ, ки морем,
Ба паймону садоқат устуворем…»
* * *
Қарори маҷлиси морон чунин шуд:
(Агарчанде, намедонам, ки кай буд)
Забони одамон гар чун шакар буд,
Дарахти зиндагонӣ пурсамар буд…

ЧУ ДАРЁ ЗУРАСТ…

Дил чу мушту лек бори зиндагонӣ мекашад,
Бори ишқу дарду шавқу қаҳрамонӣ мекашад.
Бо ғуруру бо сурури навҷавонӣ мекашад,
Бо камоли ифтихору меҳрубонӣ мекашад.

Беқарорӣ менамояд дил чу дарё зўр аст,
Аз фурўғи ахтарони орзу пурнур аст.
Бо садои торҳои рўзгорон ҷўр аст,
Аз ғубори кинаю чанги хусумат дур аст.

Гарчи рўзе дил шавад хомўш мисли гулхане,
Кам шавад гарчи варо ҳар дам шарору равшанӣ.
Он вале сад машъали дилҳо фурўзон мекунад.
Масканашро баъди худ ҳам гарму тобон мекунад.

РЎЗИ ТАВАЛЛУД

Субҳи неки зодрўз андар дилам,
Абри ғусса доимо пайдо шавад.
Аз барои умри рафта
То ба шом
Гиряи пурҳасраташ дарё шавад.

Маҳзунам аз он ки вақти тундрав,
Як варақ аз дафтари умрам биканд.
Ё ки гўӣ аз чаманзори ҳаёт,
Як гули рўҳпарвари умрам биканд.

Чеҳраи пурнури модар ин саҳар,
Пеши чашмонам намоён мешавад.
Бо нигоҳи меҳрбору дилбараш
Мекунад табрику шодон мешавад…

Мешавам ғамгин зи ёди дўстон,
К-аз ҷаҳон бигзашта монанди шамол.
Ҳар нишону хотира з-онҳо ки ҳаст,
Мебарад манро ба дуёи хаёл…

Зодрўз – ин як нидои рўзгор,
Умр ҳам хушкад ба мисли чашмасор…

ШАВӢ ҲАМСАФАР…

Магў, ки ў бувад мисли фаришта,
Магў, ки ў ҳалиму меҳрубон аст.
Магў, ки хоксоре асту дилёб,
Ки ҳам хандонлабу ширинзабон аст…

Бо рў шояд кашида ў ниқобе,
Магў: мўре зи вай нодида озор.
Шавӣ гар ҳамсафар ё ҳамнишинаш,
Сипас донӣ ки булбул аст ё мор.

ПИНДОРИ НЕК

Эй дило, аз бехудиҳо худ нишонат гум макун,
Сад нишони рўзгори шодмонат гум макун.
Шўҳратат бар ҳар канори оламу афлок рафт,
Эътиборат дар замину осмонат гум макун.
Меҳри гарматро парешонӣ ба дасти бод дод,
Оташи мероси суғди достонат гум макун…

НАМЕГАРДАД ХАЗОН

Орзу ҳаргиз намегардад хазон,
З-орзу дорад ҳаловат рўҳу ҷон.
Орзу дар дил ба мисли навниҳол,
Гулфишон дар барфу борону шамол.

Орзу – равшангари шоми фироқ,
Орзу – дармонгари дарду ҷафо.
Орзу – болу пари уммедҳост,
Орзу – сарчашмаи меҳру вафо…

Орзу дорӣ – ҷавонӣ ёри туст,
Меҳри гарми зиндагонӣ ёри туст.

МАШЪАЛИ ВАТАН

Мову ту сўзем агар дар кўрааш,
Машъали меҳан фурўзон мешавад.
Бо шуои ишқ афрўзем агар,
Рўзи фардояш дурахшон мешавад.

Мову ту дар банди ғафлат гар шавем,
Дар хаёли бодаву соғар шавем.
Базми ишратро агар сарвар шавем,
Аз куҷо меҳан ба сомон мешавад?..

Модаре, ки зори фарзандаш бувад,
Бар умеди меҳри дилбандаш бувад,
Бар дуои табъи хурсандаш бувад,
Аз ҷафои ў парешон мешавад.

Гар нагардемаш варо моён табиб,
Гар набошемаш варо моён ҳабиб.
Гиряҳо созем чун марди ғариб,
Рўд хушку кўҳ вайрон мешавад.

ОШУФТАГӢ

Дилам озурдаю бемор,
Аз он санге ки мепаррад,
Ба шохи сархами пурбор…
Дарахтон з-он ҳама афгор…

Басе озорҳо дидам,
Зи зоғони баландовоз,
Ки дар гулбоғҳо доранд,
Ба ҷои булбулон парвоз…

Мушавваш хотирам з-он, ки
Сафарҳо карда дар дунё
Зи ҳоли қабри хешу дўст,
Намесозем мо парво…

ЗАМИН

Эй Замин, додӣ камолам, зинда бош!
Дар фалак соҳибҷамолам, зинда бош!
Ёфтӣ аз нури хуршед авҷу рушд,
Ахтари бахту ҷалолам зинда бош!

Шукри хоку кўҳу дарёят кунам,
Шукри чўлу боғу саҳроят кунам.
Ҳар гиёҳу сабзаат бар ман азиз,
Эй ту дармонбахши ҳолам, зинда бош!

Он ки озорат диҳад, озурда бод,
Оташат он ки занад, худ мурда бод,
Он ки заҳрат дод, ғарқи заҳр бод,
Манбаи ризқи ҳалолам, зинда бош!

Эй чароғи зиндагонӣ, зинда бош,
Эй арўси ахтаронӣ, зинда бош,
Ҳам баҳору ҳам хазонам аз ту аст,
Ту ҷавоби ҳар саволӣ, зинда бош!

АСАРИ ҶУДОӢ

Аз ҷудоӣ дар фалак
оҳу фиғон афтодааст,
Аз дили ҷонзоди олам
хун чакон афтодааст.
Ин ҳама оворагӣ аз нафси ноороми мост,
Аз чӣ бар мо инчунин
бори гарон афтодааст?

САНГИ ҒАЙБАТ

Санги ғайбат косаи сўҳбат шикаст,
Шохаи сабзи гули роҳат шикаст.
Мурғи шавқ аз зарбааш бемор шуд,
Тоҷи ҳурмат зери пою хор шуд.

Санги ғайбат санги зору заҳрдор,
Аз ҳадаф гирад ҳаме худро канор.
Санги ғайбат санги номардона аст,
Як нишони хонаи вайрона аст.

МУШКИЛ АСТ…
Ё худ чароғи мурдаи рўҳ

Аз дили ҷоҳил умеди ошноӣ мушкил аст,
Бар дари бикшодаи мумсик гадоӣ мушкил аст.
Дар замини шўразор аз гул маҷў рангу нишон,
Дар хароботи ҷаҳон булбулнавоӣ мушкил аст.

Аз дили ҷоҳил гули мақсудҳо нашкуфта монд,
Гавҳари кони муроди оқилон носуфта монд.
Чеҳраи зебои сад ширинлабон ошуфта монд,
Бар шамоли дар ба дар нозук – адоӣ мушкил аст.

Ҷоҳилон чоҳ дидаю нодида дарёи азим,
Ҷоҳилон роҳ дидаю нодида шаҳроҳи азим.
Ҷоҳилон коҳ дидаю нодида кўҳҳои азим,
Бо нигоҳи танг даъвои даҳоӣ мушкил аст.

Кафки собунро ба чашми халқ ҳалво сохтанд,
Фарқи лаълу сангро нодида ғавғо сохтанд.
Бо каломи бенамак худро чӣ расво сохтанд,
Бо чароғи мурдаи рўҳ дилкушоӣ мушкил аст.

ПАЙКАРАСОЗ
Барои Эргашхон Қаҳҳорӣ

Раҳбари фарзонаю оқил дилаш,
Чашмҳо меъмори доною баҳуш.
Дастҳояш коргар чолоку чуст,
Пайкара созад ба шавқу бо хурўш.

Пайкаре дар банди дунёи хаёл,
Дигаре маъюсу навмеду ҳазин.
Пайкаре бишкуфтарўю хушдимоғ
Дигаре чун барқ тунду оташин…

Пайкара созад ба илҳоми баланд,
Гил ба ҳукми амри ў фармонбар аст.
Чеҳрае гар офарад, хуррам шавад,
Тўҳфаи эзид ба вай ин гавҳар аст.

БИГЗАШТА РАВАД

Мавҷи дарё тез бигзашта равад,
Умри дунё низ бигзашта равад.
Зиннати рўи замин чун гул шудем,
Давраи мо низ бигзашта равад.

Дил гаҳе аз хори ғам хуншор шуд,
Гаҳ чу меҳри субҳ пуранвор шуд.
Гаҳ чу нури чашму гоҳе зор шуд,
Ранҷи дилҳо низ баргашта равад.

Дар ҷаҳон номард ҳасту мард ҳаст,
Ҳарфи гарму ҳарфи сахту сард ҳаст.
Кўи шоду манзили пурдард ҳаст,
Хубу расво низ бигзашта равад,

Он ки мехонад туро мўниси ҷон,
Санг бигзорад ба роҳат дар ниҳон,
Гарчи резад шаҳд аз лаб ҳар замон,
Макру савдо низ бигзашта равад.

Эй дило, бефарқу бепарво мабош,
Аз хатои ҷоҳилон бегона бош,
Баҳри ҳифзи зиндагӣ мардона бош!
Даври ғамҳо низ бигзашта равад.

КОҒАЗ ВА ҚАЛАМ

Ҷони коғаз медарояд аз қалам,
Аз қалам он нотавон доно шавад.
Бол бикшода парад бар ҳар тараф,
Раҳбари ақлу дилу дунё шавад.

Медарояд кў ба кўю дар ба дар
Бар фарози тахту минбар мерасад.
Гаҳ ба чашми одамони кўрдил,
Гаҳ ба мардони диловар мерасад.

Эй қаламдорон, зи коғаз бохабар!
Дорад он бас хислату кирдорҳо.
Гаҳ аёну ноаён созад асар
Гаҳ чу гулбаргу гаҳе чун хорҳо.

Гаҳ чу марҳам захмро дармон шавад,
Рўзгореро гаҳе сўҳон шавад.
Бар яке умре хати ҳиҷрон шавад,
Ё нишони шўълаи армон шавад…

Эй қаламдорон, зи коғаз эҳтиёт,
То насўзад решаи нахли ҳаёт!

ДАР ЯК ЛАҲЗА

Ҳар нафас дар корзори зиндагӣ
Аскари тайёр мебояд будан.
Баҳри ҳифзи ному виҷдону шараф
Бо дили бедор мебояд будан.

Метавонад лаҳзае дар рўи бол
Бар сари кўҳи баландиҳо барад
Метавонад одамӣ дар як нафас
Бенишон бар қаъри пастиҳо парад.

Метавон рафтан даме бо роҳи каҷ,
То дар он монад қатори солҳо.
Метавон кардан хато дар лаҳзае
Нашкуфӣ то сад баҳори солҳо…

Ҳар нафас дар корзори зиндагӣ
Аскари тайёр мебояд будан.
Баҳри ҳифзи ному виҷдону шараф
Бо дили бедор мебояд будан…

ПАРЕШОНӢ

Дарё бирафт ҳар сў,
гумному бенишон шуд.
Санги зи кўҳ парида
аз дидаҳо ниҳон шуд.
Он абри пора-пора,
к-аз тўдааш ҷудо шуд,
Дарҳол нопадидор
аз рўи осмон шуд.

Мурғи хаёли мо ҳам
чун абрҳо парешон,
Ҳар ҳарфи мо ба мисли
санги зи кўҳ парида.

Ҳар соҳиби дили мо
ҳар сў равон чу дарё
Аз боғи дилфурўзӣ
авҷу нумў парида.

КАРАХТӢ
(Ҳам ҳазлу ҳам рост)

Гуфтанд, ки ту сангӣ.
Гуфтам, ки санг ҳастам.
Гуфтанд, ки ту чангӣ,
Гуфтам, ки чанг ҳастам.
Гуфтанд: ки гунг ҳастӣ.
Гуфтам: бале, манам гунг.
Гуфтанд, ки гарангӣ.
Гуфтам: гаранг ҳастам.

Ин гардани хами ман будӣ – заданд сангам.
Карданд зери пою беқадр мисли чангам.
Аз зарби дўғу фармон
Лолу хамўшу гунгам,
Охир карахт гаштам,
Имрўз ҳам гарангам…

ВАҚТ

Вақт – устоди хирадманд,
Лаҳзаи он – зарраи панд.
Баҳраҳо гар з-он набурдем,
Хўрдаем аз зиндагӣ фанд.

Офтоби ноаён вақт:
Хомҳоро пухта монад.
Он касе дар сояаш монд,
Пухтаю хомро чӣ донад?

Вақт – устоди забардаст:
Солҳою одамонро
Мегузорад ҷо ба ҷо ҳам,
Медиҳад қадру баҳо ҳам.

ЗИНДАГӢ
Зиндагӣ дар садафи хеш гуҳар сохтан аст…
Муҳаммад Иқбол

Зиндагӣ –
Дилро ба даст овардану дил бохтан аст.
Аз парешон зарраҳо
Аз нав ҷаҳоне сохтан аст.
Зиндагӣ ҳар рўзу шаб
Баҳри саодат тохтан аст.
Умри ҷонро дар раҳаш бо шавқ бигдохтан аст.

Зиндагӣ –
Пайваста дарси мушкилаш омўхтан аст.
Аз барои пойдориаш
Ҳамеша сўхтан аст.
Ин замини кўҳнаро
Бо хуни дил бинмуда обод,
Шўълаи хомўши дилҳоро
Зи нав афрўхтан аст.

ОТАШИ ПУРДУД…

Ман аз лабханди заҳролуд метарсам,
Ман аз он оташи пурдуд метарсам.

Ки рўзе тори дилро пора месозад,
Варо охир кунад нобуд, метарсам.

Раво нодида озоре касеро ман,
Зи озори каси ношуд, метарсам.

Аз он к-ўро хабар аз рафти умраш нест,
Набудӣ лаҳзае хушнуд, метарсам.

Гулистони фараҳро сўхт аз бехаш,
Шуморад хешро масъуд, метарсам.

ТОБОН НАШУД

Кулбаи вайрона обод аз ғаму афғон нашуд,
Аз паи таъмири он марде агар сарсон нашуд.

Оташи хомўш сар боло насозад худ ба худ,
То насиме дар сараш бо шўхиҳо рақсон нашуд.

Гар касе аз шўлаи дил хонае равшан накард,
Хона равшан аз чароғи қандили тобон нашуд.

Рафта-рафта навдаи гул чўби гулхан мешавад,
Боғбон огаҳ зи авҷаш гар шабу рўзон нашуд.

Меравад аз ёди ёрону диёру ёди дўст,
Он ки ёдовар зи ҳоли кишвару ёрон нашуд.

Сели санг омад ба роҳу аз висолат дил наканд,
Рахнае Пирўзро як лаҳза дар паймон нашуд.

БАРҚИ БЕДОРӢ
«Сиришки ман фидои ҳимматат бод,
Маро аз ҳабси ман кардӣ ту озод»
Зулфия АТОӢ

Кашидан хоҳам имрўз
Фарёди ҷигарсўзе,
Аз ин зиндони рўҳонӣ, к-асираш солиён будам.
Дар ин ваҳшатсарои ботинӣ, ки худ бино карда,
Ба гўшам пахтаю қути хамўшӣ дар даҳон будам.

Будӣ аз санги бепарвоиҳо бунёди ин маҳбас,
Гилу хокаш зи виҷдони карахту булъаҷаб хуфта.
Ба чанголи азобу заҳмати бисёр афтодам,
Вале пиндоштам дар бистари нозу тараб хуфта.

Кашидам он қадарҳо ман тамокуи фиребу фанд,
Даворо ман бало гуфтам,
Балоро ҳам даво гуфтам.
Хабар нагрифта ҳоли дардмандони муҳаббатро
Табибонро сано гуфтам,
Рақибонро дуо гуфтам…

Ало, ту эй дурахшу ғулғули барқи бедорӣ,
Ки бонги худшиносиҳо ба мавҷи шўълаҳо дорӣ.
«Сиришки ман фидои ҳимматат бод,
Маро аз ҳабси ман кардӣ ту озод»

ГАНҶИНА

Донишварони оқил андар сиришти одам,
Доданд сад хатарҳо баҳри вуҷуди олам.
Кина ҳазор реша дар ҷисми ў давонда,
Андар дилаш адоват чун кирм хона монда.
Дуди ҳасад гирифта ойинаи хаёлаш,
Ҳам зарраҳои ваҳшат – зарпечаки камолаш.
То ки ба нури иқбол умраш шавад мунаввар,
Умре ки назди кайҳон аз лаҳза ҳаст камтар.
Бо роҳи рушду некӣ то ки қадам бимонад,
То хешу ҳам заминро ў мўҳтарам бидонад.
Ганҷинаи хирадро андар китоб монданд,
З-он одамони доно роҳи наҷот хонданд…

МЕҲРИ КАЛОМИ МОДАР

Меҳри каломи модар дар хуну устухонам,
Мумкин кунанд хорам, хораш шудан намонам.

Ман се ҳазорсола дорам шарор дар дил,
Бахшанда аст Авасто зўру мадори ҷонам.

Рўҳам агарчи куштӣ ағёри нотавонбин,
Аз як дуои модар омад зи нав равонам.

Бастанд гаҳ даҳонам то зинда мурда бошам,
Бо ёди ҳарфи модар доим қасида хонам.

Гар барабас бизад дод он ки бувад ватандўст,
Ҳамсанг ишқи ўро бо лафзи мом монам.

НУРАФРУЗ
Ба Муқимҷон Орифӣ – набераи Ориф Гулханӣ

Ҳар хонаю ҳар кўчаи шаҳри қадим,
Аз гулхани шеъру сухан пурфайз буд.
Аз шўълааш буд ифтихору ҳам зафар
Ҳусни каломи марду зан пурфайз буд.

Ногаҳ шамоли шумнафас тўфон намуд,
Дилҳо харобу рахна дар имон намуд.
Бишкаст шавқи гулханафрўзони давр,
Рўҳи ниёгону Ватан гирён намуд.

Дар ҳар қадам гарчи аз он вайрона монд,
Лек оташи дилҳои соҳибхона монд.
Шуд гулхани ҳикмат зи нав афрўхта,
Дар он макон, ки мардуми фарзона монд.

ЗАҲРИ СИТОИШ
ё худ марги ҳунарманд

Душманон марди ҳунарро
бо маю зар куштаанд,
Ё ба сангу ё ба заҳру
ё ба ханҷар куштаанд.
Чун наафтодӣ ба доми
макру найранг оқиле,
Жолаи тўҳмат варо
резонда бар сар куштаанд.
Чун накардӣ кора бар вай
тири афсуну фиреб,
Монда ўро зери кўҳи
шаҳду шаккар куштаанд.
Чун раҳи дигар надиданд
аз барои маҳви ў,
Бурда бо ҳамду ситоиш
то ба ахтар куштаанд.

ДАРЁФТАМ

Ман туро дарёфтам аз шўълаи шамсу қамар,
Аз суруди пурхурўшу хушнавои шаршара.
Ман туро дарёфтам аз шеваи кабки саҳар,
Аз сари кўҳи баланду
Аз дили дашту дара.

Ман туро дарёфтам аз ранги гулҳои чаман,
Дар шарори шеъри Иқболи бузург астӣ ниҳон.
Ман туро дарёфтам аз ларзиши тори рубоб,
Мешавӣ дар қатраҳои ашки хурсандӣ аён.
Ман туро андар ҷасурию далерӣ кофтам,
Дар бузургию баландиҳо туро дарёфтам.

СОҲИБҚАЛАМ

Ҳамон гирад қалам бар даст,
Агар ўро дили покаст.
Зи покӣ ў сухан гўяд,
Ба ҳар ҷо з-он нишон гўяд.

Ҳамон гирад қалам бар даст
Ки ў дастони гул дорад.
Чаро ки тухми зебоӣ
Ба олам бо қалам корад.

Ҳамон гирад қалам бар даст
Ки дорад дар сар андеша.
Вагарна ў ба ҷои хор
Ба пои гул занад теша.

ТЎФОНИ ДИЛ

Шеъри ман туғёни дил,
Шеъри ман тўфони дил.
Дар раҳи бахту шараф
Шўълаи тобони дил.

Дар набарди зиндагӣ
Ханҷари буррони дил.
Гарчи бемеҳр аст ёр,
Шеъри ман ҷонони дил.
Шеъри ман шодии ман,
Шеъри ман афғони дил.
Шўъла зан, илҳоми ман,
Оташи сўзони дил!

ШОИРӢ – МАРДОНАГӢ

Шоирӣ – мардонагӣ,
Чун шеъри ў
Байни мардум наъраи мардона нест.
Шоирон гарчӣ зи худ бегонаанд,
Шоире аз кишвараш бегона нест.
Шоир аз меҳри Ватан шоир шавад,
Беҳтар аз меҳри Ватан дурдона нест.
Завқ кун дар бўстони зиндагӣ,
Ин ҷаҳон ғамхонаю майхона нест.
Он санам ҳарчанд сангиндил бувад,
Дар садоқат мисли ў ҷонона нест.
Он ки гирад доманат Пирўз бод,
Ишқи поку меҳри ман афсона нест.

ДЎСТИ ҶОН
Барои Б.Ҷумъа

Бахтиёро, бахтиёрам кардаӣ,
Тозарў чун навбаҳорам кардаӣ!
Субҳи гул обод боду дилнишин,
Сарфарозу бовиқорам кардаӣ.
Ҳеҷ як овоз овозе надод,
Ту ба шаст овозадорам кардаӣ.
Тўҳфае додӣ ниҳоят дилписанд
Ту ба дўшам қарз борам кардаӣ!

КОРВОНИ УМР

КОРВОН

Корвони зиндагонӣ дар сафар,
Сўи фардои пуруммеди башар.
Раҳ ба раҳ гирад мусофирҳои нав
Кўҳнаҳоро мегузорад пушти сар.

Корвонро раҳ дарозу мушкил аст,
Интизораш раъду барқи бешумор
Бо мароме меравад пеш
Ояд он
Гарчи бо садҳо хатар ҳар дам дучор.

Аз мусофирҳо гурўҳе пурмағал,
Хешро хонанд шоҳи корвон.
Бо ҳаёҳу сар ба боло мешаванд,
Гаҳ чу чанги хоки роҳи корвон.

Иддае хомўшу аммо ҳушёр,
Дар шабон чун машъалони шўълабор.
Посбону раҳнамои корвон,
Посбону раҳнамои ноаён.

Одамони некхоҳу хоксор,
Зиндагиро медиҳанд авҷу барор…

МЎЙСАФЕДОН
Ба ёди падари бузургворам Аҳтам Қосимов

По ниҳанд оҳиста бо сад эҳтиёт,
Мўйсафедон бар замин бо эҳтиром.
То варо надҳанд озори зиёд,
Бо сипосу шукри умри бардавом.

Чун дарахтоне, ки дар анҷоми умр,
Ҳосили бисёр доранд аз ҳаёт.
Мўйсафедон сархаму таъзим кунанд,
Бар замин баҳри ҳама ранҷу нишот.

Ҳамчу рўде, ки раҳаш охир шавад,
Ҳар замон ҳастанд дар банди хаёл,
Мўйсафедон мўҳри хомўшӣ ба лаб,
Дил, вале пора шуда ҳар рўзу сол.

Ёд оранд аз нишебиҳои роҳ,
Аз ҳавои гарму сарди рўхгор.
Чашми нам доранд з-он, ки дўстон,
Пештар гаштанд хок андар мазор…

Субҳи содиқ бо ташаккур бар Худо,
Баҳра бардоранд аз ҳусни ҷаҳон.
Шукри он гўянд, к-аз боғи ҳаёт,
Баҳрашон тоза гуле шуд армуғон.

Мўйсафедон чун чароғи раҳнамо,
Роҳи некиро ҳидоят мекунанд.
Гаҳ зи Қуръону гаҳе аз зиндагӣ,
Дарси инсонӣ ҳикоят мекунанд.

«Меҳру шавқат дар замин поянда бод»
Панди пирон аст бар мо ҳар даме.
«Одамон аз меҳру шавқат одаманд,
Мебарад тобути одам – одамӣ…»

ВАКИЛИ ҶАННАТИЁН
Худоё, рўҳи модарам Истадпўлод Қобиловаро шод гардонӣ!

Ашки чашмонам намонд аз ғам, кунун
Бесадо бо ёдатон гиряд дилам.
Бо ҳазоронсолаҳо ҳамдам шудед,
Ҷоятон холист андар манзилам,
Ҷон модарам!

Бо шумо умри баҳоре доштам,
Босафо хуш рўзгоре доштам.
Бо шумо чун сарв будам сарбаланд,
Ҳам ғуруру ифтихоре доштам,
Ҷон модарам!

Кўҳи меҳри шўълаборам будаед,
Равшании шоми торам будаед,
Боди сарди зиндагӣ сўям вазад,
Такягоҳу иқтидорам будаед,
Ҷон модарам!

Рўи хандонам будаст аз меҳратон,
Ҷўшу ҷавлонам будаст аз меҳратон,
Ин ҳама зебоию ҳусни ҷаҳон,
Пеши чашмонам будаст аз меҳратон,
Ҷон модарам!

Умратонро бехазон пиндоштам,
Одамиро ҷовидон пиндоштам,
Хешро чун кўдаки навроҳгард,
Ҳам шуморо навҷавон пандоштам,
Ҷон модарам!

Ман чӣ бепарвою дар ғафлат будам,
Бехабар, ки соҳиби сарват будам,
Сарвате, ки бўи модар будааст,
Нури гарми рўи модар будааст,
Ҷон модарам!

Дилкашоли сўҳбати ҷону ҷигар,
Шомгаҳ бар зиндагӣ бастед дар,
Субҳидам хомўшу бе зўру мадор,
З-ин ҷаҳон кардед бо ҳасрат сафар,
Ҷон модарам!

Худ вакили аҳли ҷаннат будаед,
Дар замин баҳри накўӣ коштан.
Хуни дил дода варо кардед сабз,
Мерасонам бар камолу авҷ ман,
Ҷон модарам!

РАҲНАМОИ УМР
«Модари зорам маро рўзе ки дар гаҳвора баст,
Риштаи меҳнат ба дасту пои ман печонда баст.»
Гўянда Оча Амонова, аз ноҳияи Нурато.
Аз китоби «Таронаҳои Самарқанд».

Фалак дар кўдакӣ ҷабру ҷафо кард,
Шуморо риштаи дарде ба по кард.
Шуморо риштаи ин дард умре,
Ба ношодию армон мубтало кард,
Ҷон модарам!

Падарро гум намуда дар ҷавонӣ,
Кашида бори кўҳи зиндагонӣ,
Ба хоҳарҳо шуда чун соябоне,
Калон кардед мисли боғбоне,
Ҷон модарам!

Ба ҳукми гул будам, шому саҳаргоҳ,
Зада сўзан «Дадаҷон» месурудед.
Ба нақши сўзанӣ бо ёди рўяш,
Китоби меҳр иншо менамудед,
Ҷон модарам!

Чаман дар сўзанӣ мешуд шукуфон,
Зи ҳар гўша шуои шамс рахшон,
Ки гўё хонда ҳар нақшу нигоре
«Дадаҷонам» - суруди дилфигоре;
«Дадаҷонам, мана Ғиждувон баред,
Аробачаи соябондор созонда баред»,
Ҷон модарам!

Фалак озоратон дод он қадарҳо,
Қалам дар ларза меояд ба тасвир,
Бишуд дил пораю хун шуд ҷигарҳо
Шуморо сарнавишт ин буду тақдир?!
Ҷон модарам!

Ба сар мўйи сафеди нуқратобу
Ба дида нури поки гарматон буд.
Ба дил санги ғаму андўҳи фарзанд,
Ба лаб шеъру каломи нарматон буд.
Ҷон модарам!

Сипосу шукри беҳад бар Худованд,
Шуморо андар ин дунё ато кард.
Шуморо дод меҳри бениҳоят
Аз он моро ба дунё раҳнамо кард.
Ҷон модарам!

ЁДИ ДИДОР

Ёд кардам, модарам, дидоратонро,
Шўълаи истораи рухсоратонро.
Як дурахши гавҳари чашмонатонро,
Як ҷилои ҳикмати гуфторатонро,
Ҷон модарам!

Ман ба кӣ розу ниёзи дил кушоям,
Нест гар ҳамчун шумо мушкилкушоям,
Кошкӣ як лаҳза дар хобам биёед,
Боз худро шоҳи олам ҳис намоям,
Ҷон модарам!

Аз чароғи пандатон равшан раҳи ман,
«Ки машав ғамгин зи теғи тўҳмату фанд,
Ки мабош озурдаи пайкони озор,
Ки мукофоташ ҳавола бар Худованд»,
Ҷон модарам!

Аз ҷаҳон чун файзи наврўзӣ гузаштед,
Дар талоши бахту хушрўзӣ гузаштед,
Бо қаноатнокию сангин ирода,
Баҳри ман дарси худафрўзӣ гузаштед,
Ҷон модарам!

Қарздор аз рўҳатон то зинда ҳастам,
Рўҳатон то зинда ҳастам мепарастам,
Баҳри шодию ризои рўҳатон ман
Бар Худованди карим уммед бастам,
Ҷон модарам!

НАДИДӢ РЎИ ГУЛШАНРО…
Ба ёди бародари соҳибқаламам
Аҳмад Аҳтамов (Аҳтамзода)

Надидӣ рўзи равшанро,
Надидӣ рўи гулшанро,
Ба ёди хандаи моҳи саодат аз ҷаҳон рафтӣ,
Чу шоҳин хостӣ болу пар афшонӣ ба озодӣ,
Пару болат шикаст аз тири дарду нотавон рафтӣ.
Сари роҳат ба сўи қуллаи рахшон
Фалак барбаст,
Аз ин дунёи пурафсона бо оҳу фиғон рафтӣ.
Шабу рўзон қаламро ҳамдаму ҳамроз донистӣ,
Вале доғи дилат пинҳон зи хешу дўстон рафтӣ.
Ту мурданро наовардӣ ба як кунҷи хаёли худ,
Ба уммеди ҳаёти пурсафои шодмон рафтӣ.
Нишоне дар ҷаҳон аз ту куҷо ҷўям, намедонам,
Зи худ дар саҳфаи «Гулдаста»¹
мондӣ як нишон, рафтӣ.
Фақат як бор кардӣ ҷомаи домодиро дар бар,
Дигар он дар сари тобути ту шуд соябон рафтӣ.

1.Гулдаста – «Гулдастаи Самарқанд» - маҷмўаи ҳикоя ва шеърҳои аҳли қалами Самарқанд. Мураттиб Аслиддин Қамарзода.

ТОРИ МУТРИБ

Рафт мутриб аз ҷаҳону монд тораш,
Роздону ҳолдони рўзгораш.
Савти ў чун мавҷи дарё ғулғуландоз,
Нест ў дар хотири ёру табораш.
Лек ҳар гаҳ, ки вазад боди сабуксайр,
Нола месозад ба ёдаш тори зораш.

ДАРЁИ АРМОН
Ба ёди Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода

Диле доштӣ ҳамчу дарёи кўҳӣ,
Мусаффою дар ҷўшу пурмеҳру пурнур.
Ба андўҳи халқу диёрат ҳамовоз,
Ба савту суруди Ватан ҷўру масрур.

Намудӣ гули меҳр бар мардум эҳсон,
Ба табъи ҳазин гашта дармону илҳон.
Шуд афтодаро ҳарфи гармат пару бол,
Ба худ бурдаӣ лек дарёи армон.

МУШКИЛАТ ОСОН КУНАД…

«Шеър гўям ояд аз шеърам садои мадарам»,¹
Шеъри ман акси навои аллаҳои модарам.
Дардро будӣ даво чун қатраи оби ҳаёт,
Ҳар суруду ҳар калому ҳар дуои модарам.

Дар ҷаҳони бевафо шеърам нишони модарам,
Як нишони навбаҳори гулфишони модарам.
Гар диле равшан кунад худро даме аз байти ман,
Мушкилаш осон кунад рўҳи равони модарам.

1.Мисрае аз устод Мирзо Турсунзода.

НАЗДИКИ МАНЗИЛ МЕШАВАД

Корвони умри мо наздики манзил мешавад,
Манзиле, ки охирин ҷое ба ҳар дил мешавад.

Бо гузашти рўзгорон кам шавад ҷон дар бадан,
Ҳамчу мавҷе ки ҷудо аз васли соҳил мешавад.

Қадри ёрон бо гузашти солҳо гардад баланд,
Ҳамдами дерин ба шоми умр қандил мешавад.

Орзуи мўйсафедӣ дўш, гўӣ, доштем,
Дил ба ёди кўдакӣ имрўз бисмил мешавад.

Гар раҳи пасту баландӣ зиндагӣ озор дод,
Дилканӣ аз ранҷи кўҳан лек мушкил мешавад.

ДАФТАРИ МАН

Дафтари ман пургуноҳу пурхатост,
Кардаам гаҳ бохабар, гаҳ бехабар.

Айби ман бар ман бигў чун зиндаам,
То шавад борам сабуку безарар.

Дўстам, айбам бигў, ислоҳ кунам,
То шавад роҳам сафеду бехатар.

Авфи айбам пурсам аз Парвардигор,
Аз балои макри шайтон алҳазар!

МЕГИРЯД ҚАЛАМ

Баъди маргаш оҳи ҳасрат мекашем,
Оҳ з-умри бемурувват мекашем,
Дар ғамаш афғони мо зад бар фалак,
Бори ҳаҷраш бо машаққат мекашем.

Зинда буду аз назарҳо дур буд,
Шўъла буду баҳри мо бенур буд,
Гавҳари тоҷи муҳаббат буд вай
Чашми мо баҳри назора кўр буд…

Зинда буду рўзи вазнин дошт ў,
Дар дилаш сад дарди сангин дошт ў.
Дидахандон, синабирён буд вай,
Ҳамчу кўҳе сабру тамкин дошт ў…

Аз нигоҳаш ноаён сўзи алам,
Аз каломаш нопадид осори ғам.
Лаҳзае нодида ўро мўҳтарам,
Ногаҳон ў рафту… мегиряд қалам.

БАД НАГЎЯНД

Бад нагўянд аз паси мурда, чаро к-ў мурда аст,
Дафтари аъмоли худро ҳамраҳи худ бурдааст.

Мазмуни дафтар ҳамедонад Худои меҳрубо,
Ҳар қадам, ки монда мо дар зиндагӣ бар ў аён.

Бад нагўянд аз паси мурда, чаро к-ў мурда аст,
Ҳар амал, ки дар ҳаёташ хост, иҷро кардааст.

Ҳеҷ натвонад касе як ҳарф аз он кам кунад,
Ҳеҷ натвонад касе як нуқта бар он зам кунад.

МОҲИ НАВРО ДИДА…

Моҳи нав тобон бувад дар осмон,
Аз гузашти вақт моҳи нав нишон.
Борҳо маҳ нав шуду кўҳна бишуд,
Умри мо шуд кўҳна лекин ноаён.
* * *
Замин озурда аз кирдори инсон,
Замин дар ларза аз рафтори инсон,
Кунун бар маҳ расида ақли тезаш,
Чӣ ҳоле маҳ шавад з-ин кори инсон?!

ИМТИҲОН

Баҳри дил аз баҳри ту туғён кунад,
Хотири ошуфтаам якҷо шавад.
Заргари умри азиз бояд шавӣ
То ки қадри ҳар дамаш пайдо шавад.
* * *
Дидаам сардию гармии ҳаёт,
Дидаам сахтию нармии ҳаёт.
Дар раҳи мақсуд будам устувор,
Раҳбарӣ пурсида аз Парвардигор.
* * *
Булбуле з-ин боғ хандиду гузашт,
Дигаре аз умр ранҷиду гузашт.
Пир буду навҷавон буду гузашт,
Шод буду дар фиғон буду гузашт.
* * *
Шасти умрам омаду шастам бимонд,
Соғари лабрез дар дастам бимонд.
Шўълаи меҳри дилам рахшон бувад,
Роҳи ман аз орзу тобон бувад.
* * *
Шастшоха шастсола ин дарахт,
Хўрда зарби сангу жола ин дарахт.
Монд эмин аз шарори раъду барқ,
Менасозад оҳу нола ин дарахт.
* * *
Булбулам имрўз овозе надод
Заррае нокарда аз дилдода ёд.
Дошт аз ман чаҳ-чаҳи шодӣ дареғ,
Шод бод, устоди он хушбахт, шод!
* * *
Зиндагонӣ санҷиши вазнин бувад,
Ҳар саволаш мушкилу сангин бувад.
Он чунон як имтиҳон, ки одамон,
Аз ақиб монанд «хуб»-у «бад» ба он.

ЭҲСОН

Забони ман, ту эҳсони Худоӣ,
Калиди мушкилию раҳкушоӣ.
Ту он сарчашмаи оби муқаддас,
Зи эъҷозат ҳаётам рўшноӣ.
Мабодо гум кунам рўзе туро ман,
Муқаррар бошадам сангин ҷазое…

БАХШИДААМ

Ман хатою ҳарфи сахти дўстон бахшидаам,
Бешумор озори хори бўстон бахшидаам.

Борҳо афтодам аз «шўхию ҳазл»-и санги роҳ,
Зарбае, ки хўрдаам з-ин безабон бахшидаам.

Мутриб, оҳанге навозӣ бар тасаллои хаёл,
Ту набастӣ як навои дилситон, бахшидаам.

Ҷустуҷў кардам раҳи меҳру муҳаббат бар диле,
Нописандии дили номеҳрубон бахшидаам.

Ман паноҳ пурсидам аз Парвардигор, аммо рақиб,
Тирҳо парронд бар ман беамон – бахшидаам.

Бори нодаркору вазнин дар сафар лозим набуд,
Ман раҳо гаштам аз ин бори гарон – бахшидаам.

ОРЗУИ ДЎСТОН

Салим Кенҷа
ТАБЪИ РАВОН ХОР МАКУН!
Ба шоири боистеъдоди самарқандӣ
Акбар Пирўзӣ

Мо шунидем, дигар шеър намехоҳӣ гуфт,
Дигар аз баҳри сухан дур намехоҳӣ суфт.

Ваҳ чӣ сон мисраю абёти ту дилошўбе буд,
Суханони ту чӣ сон сабзу чӣ сон хубе буд.

Шеър мехондӣ гаҳе карда дили касро об,
Месурудӣ ғазале гоҳ ба оҳанги рубоб.

Доштӣ номи баланд, Акбари ҷон, номат ку?
Чун Зарафшони дамон мавҷаи илҳомат ку?

Шоирон гарчӣ зи мўи сари мо бисёранд,
Худашонро чу маликушшуаро бишморанд.

Лек дар мисраашон тобу таби оташ нест,
Шеърашон назм, дар он як сухани дилкаш нест.

Табъу илҳоми ту, эй дўст, Худодод бувад,
Аз каломи хуши ту мулки дил обод бувад.

Ана з-ин рўи дигар табъи равон хор макун,
Булбуло! Тарки гулу боғи чаманзор макун!

Рўзномаи «Овози тоҷик»,
24-уми маи соли 1997.

Ҳамрокул Даврон
МУХАММАС БАР ҒАЗАЛИ АКБАР ПИРЎЗӢ

Қиёмат домани дашту даманҳо,
Биҳишт аст олам аз ҷўши чаманҳо.
Шакар резад аз он тунги даҳанҳо,
«Манам маст аз шароби гулдаҳанҳо,
Зи атри мўи гулгунпераҳанҳо».

Напурс, эй дўст, аз буду набудам,
Шикастӣ ранг дар ҷоми вуҷудам.
Чу бо дилдор рози дил кушудам,
«Ба сардӣ чун яхи кўҳсор будам,
Кунун ҷўшам аз он меҳру суханҳо».

Маро аз ишқатон зўру мадоре,
Сафое, марҳаме, шўру шароре,
Аз он рўзе зи чашмони хуморӣ,
«Шумо чун лолаҳои навбаҳорӣ,
Зада оташ ба ҷони мою манҳо».

Қади сарву рухи гулшан шуморо,
Шаҳи ҳусни вафо, аҳсан шуморо,
Нигаҳбонам ба ҷону тан шуморо,
«Ба мулки дил диҳам маскан шуморо,
Шуморо посбонам, симтанҳо».

Нигаҳ ангушти ҳайрат газида,
Сабо пероҳани исмат дарида,
Мабод он дам гули рўяш надида,
«Зи ту, Пирўз, чун оҳу рамида,
Нигоре, тоҷдори анҷуманҳо»

Рўзномаи «Овози тоҷик»,
3-юми ноябри соли 1994.

ОТАШИ МЕҲР

Вақте ки маҷмўаи ашъори шоири ҳунарманди шаҳри Самарқанд Акбар Пирўзиро ба даст гирифтам, ёдам ба гузашта рафт. Акбар он вақт дар факултети забонҳои хориҷӣ мехонд. Вале аз рўи завқе, ки ба адабиёт дошт, ба факултети мо алоқамандии хос нишон медод. Махсусан, солҳои донишҷўӣ дар мавсими ҷамъоварии пахта дар базмҳои шабохуше, ки донишҷўён барпо мекарданд, бо рағбати тамом иштирок мекард. Аз шоириаш бештар миёни донишҷўён чун ҳофизи ҳаваскори хушхон машҳур буд. Дар базмҳову нишастҳои хос Акбар сурудҳои Ҷўрабек Муродов, хоса сурудҳои «Ту гул не» ва «Гули садбарг»-ро бо маҳорати хос иҷро мекард. Ҳамдарси дигарамон, профессор Аскаралӣ Раҷабов сурудҳои ҳофизи халқӣ Ҳусейн Насриддинро мехонд. Аз ҳамон рўзҳои хуши ҷавонӣ сар карда, ба ҳунар ва одамияти ў дил бастам ва дўстиамон то имрўз давом дорад.

Акбар солҳои дароз аст, ки шеър менависад, шеърҳояш дар матбуоти Ўзбекистону Тоҷикистон бисёр чоп шудаанд. Вале имрўз маҷмўаи комили осори ўро бадаст гирифта хурсанд шудам ва хостам таассуротамро аз ин китоб бо хонанда ҳамроҳ бинам. Китоби «Тўфони дил» нахустин китоби шеърҳои шоири соҳибзавқ Акбар Пирўзист. Вале ин чунин маънӣ надорад, ки вай нав ба арсаи адабиёт омадааст.

Агар нахустин шеъраш соли 1965 дар рўзномаи «Ҳақиқати Ўзбекистон» чоп шуда бошад,
Минбаъд шеърҳои ў мутассил дар рўзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистону Ўзбекистон нашр шудаанд. Маҷмўаи «Тўфони дил» шеърҳои солҳои гуногуни шоирро дар бар мегирад, ки дар мавзўъҳои мухталиф навишта шудаанд. Ба ин китоб шоири тоҷик Гулназар сарсухан навишта, таъкид мекунад, ки «Шеъри Акбар Пирўзӣ зодаи обу хоки Самарқанд аст, он шеър аз рангу бори манораҳо ҷома ба бар дорад, аз накҳати боғу растаҳои шаҳри бостонӣ атри гиребон дорад, аз таърихи орзуву омоли мардуми ҳамдиёр тўшаи раҳ дар камар дорад»

Оре, ин воқеият аст. Шеъри шоир чун худи ў пайванди қавие бо обу хоки шаҳри азизаш Самарқанд дорад. Ў дар ҳамин шаҳр чашм ба дунё кушод, дар ҳамин шаҳр омўзишу парвариш ёфт. Нахустин ҳарфи саводро аз модаркалонаш Ҳурмат Муллоҷонова – Тўраева, ки саводи арабӣ-форсӣ дошт, омўхт. Аз забони ў номи Ҳофизу Бедил, Ҷомӣ ва дигар пайғамбарони олами шеърро шунид. Ба назараш чунин мерасид, ки ҳар кас шеър гуфта наметавонад, баъд вақте ки модаркалонаш пораҳои шеъри худаш навиштаро мехонду таъкид мекард, ки ба касе нагўяд, дарёфт, ки шоирӣ ҳам шуғли заминӣ будааст.

Бахти ў буд ки модараш низ зани аз адабиёт бохабар буд ва гоҳо дар бораи падараш сурудҳои ҳузнангез мехонд. Муҳити хонаводаи маърифатпарвар нахустин мабдае буд, ки чашми Акбари хурдсолро ба олами адаб ва дунёи сеҳрангези шеъру шоирӣ боз кард. Омўзиши ҷиддӣ ва муҳаббати комил ба шеър ўро дар ин ҷода комёб кард.

Барои Акбар то ба мардум расидан осон набуд. Ў фақат ба сурудҳои ҳузнангези модар, ки ёди падари шарофатмандашро, ки дар дунё танҳо се духтар дошт, зинда мекард, гўш надодааст. Балки чашми дилаш, ки бино буд, орзуву армонҳои ношикакстаи мардумро низ метавонист бинад ва тадриҷан ба шеър оварад. Медид, ки кампири ҳамсоя, марди ношиноси пире раҳораҳ лаб меҷунбонад, худ ба худ чизе мегўяд. Вале ў чӣ мегўяд, барояш маълум набуд. Ба эҳсос дарёфт, ки шеъри лабони парсингбастаи ин занро бояд навишт, шеъри чеҳраи чун санги хоро дурушти марди боду борондидаро бояд навишт, навҳаи наварўси бахтбаргаштаро бояд китобат кард ва ниҳоят «барқи бедорӣ»-ро ба ноқилҳои зиндагии пурмоҷаро интиқол дод, то ки мардум «аз ин зиндони рўҳонӣ, к-асираш солиён» ҳастанд, раҳо ёбад. «Нақшҳо, нақшҳои лоларангу савсанӣ, заъфарону зарину сабзу гулоб»-ро ба шеър овард. Ин нақшҳо рамзи нақшҳои «барфу борон» дидаи Самарқанд буданд, рамзи зиндагӣ буданд, ки рамзи ҷовидонагии ҳарфи шоиронаи ў низ ҳастанд.

Ман аз рўи алоқамандиам ба адабиёт аксари навиштаҳои қаламкашони Самарқандро мехонам ва савияи ҳунари ҳар кадомро ба қадри фаҳмиши худам медонам. Шеърҳои Акбар самимиву рангин, мисли нигоҳаш меҳрангез аст. Нирў ва моҳияти нигоҳи шоир ба зиндагӣ ва одамон асолати шеъри ўро таъмин мекунад. Шоире, ки нигоҳаш рангҳои зиндагиро тафовут дода наметавонад, шеъри рангин ё худ тасвирӣ гуфтан барояш душвор аст. Аз шеъри «Барқи бедорӣ» сар карда, бештарин шеърҳои шоир ҳамин гуна хусусият доранд. Тасвир дар шеъри ў маъниро танг намекунад, балки паҳнои маънавии шеърро вусъат мебахшад. Масалан, ба сатрҳои зерини шеъри «Модар» таваҷҷўҳ кунед:

Рўи моҳаш чун маҳи шабгир буд,
Мўи мушкинаш ба сони қир буд
Бо нигоҳе чашми чун оҳуи ў,
Ихтиёру сабри дилро мерабуд.

Ин тасвир ва исми модар маъниеро тақозо мекард, ки мебоист шоир дармеёфт ва чеҳраи модарро нақш мекард. Ва шоир дар банди дуюми шеър муваффақ шудааст, ки ба воситаи образи шеърии «Мавҷи чин андар ҷабин» сабаби аз даст рафтани «ҳусни баҳои якҷаҳон»-и модароо ифода кунад.

Шеъри «Замин» катибаи арзишмандест ба домани замин, замине, ки ҳастии инсонро ба он вобаста аст. Акбар Пирўзӣ дар ин шеър бо замин чун бо инсон гуфтугў дорад. Замин дар шеъри ў зинда асту зиндагӣ дорад. Дар шеър чунин ҳол пайдо кардани замин гувоҳи нирўи қалами шоирии Акбар аст. Ин шеър танҳо заминро ба ёди шоир намеоварад, балки ба мардум талқин мекунад, ки онро дўст доранд. Муҳаббате, ки шоир ба замин дорад, дар сурати дуо ба сатрҳои шеър фурў мерезад:

Он ки озорат диҳад, озурда бод!
Оташат он ки занад, худ мурда бод!
Он ки заҳрат дод, ғарқи заҳр бод,
Манбаи ризқи ҳалолам, зинда бош!

Мо гуфтем, ки дар шеъри Акбар тасвир афзалият дорад. Вале ин тасвири мафҳум набуда, балки тасаввурест. Гоҳе ҷисмро, гоҳи дигар ҳолро дар тасаввури мо зинда месозад. Дар шеърҳои «Нидои сари Испитамон» ва «Хоки Самарқанд» ҳоли фарди ватанпараст ба тасаввур меояд, умеду орзуи ў дар ҳоли ҷон бохтан ба тасвир зинда мегардад. Шоир рўҳи аз тан паридаи ин қаҳрамони таърихро ба қолаби ёдҳо бозмегардонад ва бо ин ёди мардумро бо ҳодасаи қаҳрамонӣ омўзиш медиҳад. Таъкиди шоир ба ин аст, ки зинда доштани рўҳи қаҳрамонон бояд далолат ба қаҳрамонӣ кунад.

Дар шеъри «Хоки Самарқанд» рамзҳои ин шаҳри пуртаърих дар сурати образҳои шеърӣ ба тасаввури мо медарояд. Мо Самарқандро тасаввур мекунем, ки дар саҳифаи таърих ҳанўз зинда аст, маснади суғдиёни бофарҳангу «нармдиндор» (ифодаи «Ҳудуд-ул-олам») аст. Тасаввур мекунем, ки ҳамин ҳолро Рўдакии дигаре бо сару садои дигар аз ин хок бо номи Киёи Самарқандӣ бармехезад ва аз Оби Раҳмату Самарқанди шукўҳманд ва мардумони «нармдиндораш» ба гўши ҷаҳониён аз шукўҳи таърихии шаҳри азизаш ифтихор карда, худро «як кафи хоки» - «хоки зарбахшандаи поки» Самарқанд медонад.

Самарқанд барои шоир танҳо ангезаи имрўзаи шоирона нест, балки ўро бо гузашта ба воситаи «Шаҳри кўҳна» пайванд медиҳад. Шоир аз лобалои вайронаҳову обидаҳои шаҳри кўҳна аз халои ҳофизӣ убур мекунад. Дар тасаввури ў шаҳри кўҳна зангўлаи бедорӣ ва худшиносӣ мезанад. Аз саҳифаҳои китоби кўҳна шоир барои наслҳои имрўз «дарси ҳикмат» мехонад. Ин боиси тасаллост. Ва шеъри дигари «Гулҳои Самарқанд» низ ҳамин гуна муҳаббати фарзандиро нисбат ба ин шаҳр дар дили хонанда бедор месозад. Шеъри «Шердор» низ як паҳлўи рўй ва рўҳи пурҷилои Самарқанд аст. Ин тасвирҳои пурмаънӣ ва шоиронаро шеъри «Нони Осиё» тамомӣ мебахшад:

Агар хоҳӣ бубинӣ навбаҳорони Самарқандам,
Дурахши барқу ҳусни лолазорони Самарқандам,
Дар ин ҳангом туғёни Зарафшони Самарқандам,
Ба нони Осиё бингар, бубин нони Самарқандам.

Ин ифтихори воқеист ва дар ҳақиқат ҳам Самарқанд бо таърихаш, расму оинаш, ҳунарҳо ва ҳунармандони асилаш, гузаштаву имрўзааш боиси ифтихор аст. Вале ин ифтихор бе барқарор сохтани хатти маънавӣ ақалан дар шеър бо дирўзу имрўзи ин шаҳр каммоя мебуд. Дар ин замина Акбар Пирўзӣ дар шеърҳои «Ба устод Мирзо Турсунзода», «Арўсони Варганза» ва ғайра ҳамин гуна пайвандро барқарор карданист. Ин шеърҳо нишонаи ихлос, ирода ва муҳаббати самимонаи шоир ба собиқаи маънавии хеш аст.

Ҷумъакул ҲАМРОЕВ,
номзади илмҳои филология.

суббота, 5 июля 2008 г.

Roses from Samarkand

One of my poems is called “The roses of Samarkand”. This new collection of my poems (in the Tajik language) is named “The springs of mercy and love” so all the roses of Samarkand are watered by these springs. I hope you like my poems.

Akbar Piruzi